Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Бритониё "дар майхона фаромӯш шудани фарзанди хурдсолашро" эътироф кард


Нахуствазири Бритониё Девид Кемерон ошкоро эътироф кард, ки ӯву ҳамсараш чанд моҳи пеш баъди як хӯроки шоми рӯзи якшанбе дар яке аз майхонаҳои маҳаллӣ иштибоҳан духтари ҳаштсолаи худро фаромӯш карда берун рафтаанд. Дафтари нахуствазир рӯзи душанбе бо пахши изҳороте гуфт, ки воқеан ҳам боре чанд моҳе пеш нахуствазир ва ҳамсараш Саманта баъди хӯроки шом духтари худ Ненсиро дар майхонаи бо номи Plough Inn дар маҳаллаи Кадштен фаромӯш карда рафтаанд. Баъди 15 дақиқа волидон баргашта духтари худро дубора баргардонидаанд. Дар изҳорот омадааст, ки волидон аз ин ҳодиса хеле нороҳат шудаанд. Тибқи гузоришҳо, дар ҳоле, ки Кемерон ният дорад барномаи хоси кӯмак ба “мушкилоти хонаводаҳоро” роҳандозӣ кунад, нашрияи “Sun”, ки фошкунандаи аввали ин ҳодиса будааст, онро шармандагӣ барои хонаводаи нахуствазир мегӯяд.
XS
SM
MD
LG