Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози озарӣ дар таркиши марзи Қаробоғи Кӯҳӣ маҷрӯҳ шуданд


Мақомоти низомии Озарбойҷон гуфтанд, ки таркиши мина дар марзи минтақаи ҷудоихоҳи Қарбоғи Кӯҳӣ ду афсари озариро маҷрӯҳ ба ҷо гузошт. Мақомот гуфтанд, ки яке аз афсарон дар таркшии рӯзи душанбе аз як пояш ва дигарӣ аз дасташ маҳрум шудаанд. Ин ҳодиса дар паи тирандозиҳои 24-соатаи миёни нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар хати марзи Қаробоғи Кӯҳӣ рух дод. Ҳанӯз ҳарфе аз ҷониби Озарбойҷон садо надодааст. Дар давоми ҳафтаи гузашта ҳадди аққал нӯҳ сарбоз аз ҳарду ҷониб кушта шуданд. Баъди оташбаси соли 1994 то ҳол Арманистону Озарбойҷон бар сари минтақаи аксаран арманитабори Қаробоғи Кӯҳӣ, ки дар қаламрави Озарбойҷон ҷойгир аст, даъво доранд.
XS
SM
MD
LG