Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини раиси комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба гумонӣ даст доштан дар фасод боздошт шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 11-уми июн хабар дода ва гуфт, Абдуллоҷон Шоҳназаров барои таҳияи билети ҷаълӣ ё қалбакии ҳарбӣ боздошт гардидааст.

Манбаъ афзуд, Шоҳназаров бо маслиҳати пешакӣ бо як мақоми комиссариати ҳарбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва қисми низомии 45045-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як сокини 27-солаи Душанбе ба маблағи 600 доллари амрикоӣ ришва гирифтааст.

Мақомот мегӯянд, Абдуллоҷон Шоҳназаров барои ин сокини 27-солаи пойтахт билети ҳарбии қалбакӣ таҳия намуда, нишон додааст, ки гӯиё ӯ аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хидмати ҳарбӣ давъат шуда, ду сол дар қисми низомии 45045-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода адои хидмат кардааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқот идома дорад. Дар Тоҷикистон аксар ҷавонон талош доранд, бо баҳонаҳои мухталиф аз хидмат дар Артиш худро "наҷот" диҳанд.

Ҳодисаҳои ҳалокати сарбозон дар рӯёрӯиҳо бо гурӯҳҳои хилофкор ва шароити номувофиқ дар Артиш ҷавононро маҷбур мекунад, ки аз хизмат сарпечӣ кунанд. Бархе волидон низ дар ин кор ба фарзандони худ кӯмак мекунанд.

Бархеи ҷавонони дигар розианд, ки ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, вале аз он нигаронанд, ки оё дар ду соли набудани онҳо падару модар ва хоҳару додари онҳо ки мехӯронад ва кӣ мепӯшонад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе ҷавонони муҳоҷир мегӯянд, хуб мешуд, агар пули ба артиш нарафтани худро ба ҳукумат супоранд, то бо ин маблағ камбуди аскароне, ки хоҳиши хидмат доранд, ҳал карда шавад.

Ба ин мазмун, соли гузашта чанд созмони ҷамъиятӣ тарҳи қонуни алтернативии даъват ба хидмати ҳарбиро пешниҳод карда буданд, ки бар асоси он ҷавононе, ки хоҳиши ба артиш рафтан надоранд, бояд андоз супоранд.

Муаллифони ин пешниҳод мӯътақиданд, ки аз ин ҳисоб имкон дорад, ҷавонони бештарро ба хидмат ҷалб намуда, инчунин бо маош таъмин намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG