Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду заминларзаи пайиҳам Душанберо такон дод


Субҳи имрӯз ду бор дар ҳудуди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, заминларза ба вуқӯъ пайваст. Суръати заминларзаро бештар сокинони шарқи Душанбе эҳсос кардаанд.

Наргис Нурова, масъули маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфт, маркази заминларза Афғонистон будааст. Вай афзуд, дар маркази заминларза суръати он 5-6 ва дар Душанбе тибқи ҷадвали Рихтер 2 дараҷа муайян шудааст. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG