Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои варзишӣ дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд 22 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Маҳмуди Абдуллоҳ, ноиби раиси Федератсияи самбои Осиё ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар сабқати қитъавӣ байни мардону занон, ҷавонону наврасон беш аз 300 варзишгари 21 кишвари қора иштирок дошт.

Дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг бо медали тилло мукофотонида шуд. Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кг, Сайёд Шайхов дар вазни то 74 кг ва Ибод Шайхов дар вазни +100 кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати занон Дилбархон Султонова дар вазни то 64 кг медали нуқра ба даст овард. Дар сабқати духтарон Насиба Алиматова дар вазни то 48 кг ва Фирӯза Ашӯрова дар вазни то 52 кг соҳибони медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар сабқати ҷавонон Хисрав Хушқадамов дар вазни то 57 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Умед Раҳматуллоев дар вазни беш аз 100 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Бобоҷон Зоиров дар вазни то 52 кг, Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кг ва Аҳмад Зиёбеков дар вазни то 100 кг барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар сабқати наврасон Қиёмиддин Авазов (то 52 кг), Муҳаммадризвон Азизӣ (то 56 кг), Нозимҷон Охиров (то 60 кг) ва Қандилҷони Рустамзода (то 87 кг) медалҳои тилло ба даст оварданд. Ҷомии Ҳасанӣ (то 48 кг), Умархон Баҳодуров (то 65 кг), Искандар Ашӯров (то 81 кг) ва Баротҷон Наимов (+87 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати наврасон миёни духтарон Азиза Азизова дар вазни то 65 кг бо медали нуқра сарфароз гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG