Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср: "Фиръавн"-и зиндонӣ ҳоли хубе надорад


Мақомоти амниятии Миср мегӯянд, Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини ин кишвар, як ҳафта боз аз ҳуш меравад.

Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини Миср, дар зиндоне дар Қоҳира мӯҳлати ҳабси абади худро сипарӣ мекунад ва аз зиндон ба шифохонаи дохили зиндон интиқол дода шудааст. Бино ба гузоришҳо, хонум ва ду духтари Муборак рӯзи якшанбе (10-уми июн) ба ин шифохона ба аёдати ӯ рафтаанд.

Аз сӯи дигар, тақрибан 200 нафар ҷонибдорони Муборак рӯзи дувуми эътирози худро идома медиҳанд ва тақозо доранд, ки Ҳуснӣ Муборак ба шифохонаи низомӣ ё ба ягон шифохонаи хусусӣ интиқол дода шавад.

Бино ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ва гузоришҳои матбуотӣ, вазъи саломатии Муборак баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар рӯзи 2-юми июн ва интиқоли вай ба зиндони Тора якбора бад шудааст. Додгоҳи Миср раҳбари пешини ин кишварро дар ҳамдастӣ дар куштори эътирозгарон ҳангоми намоишҳои оммавии соли гузашта айбдор намуд. Дар мурофиа гуфта шуд, ки Муборак аз куштори мардум ҷилавгирӣ накардааст.

Собиқ вазири умури дохилии Миср Ҳабиб ал-Адлӣ низ ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ба иттилои расмӣ, бар асари саркӯбии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Миср 850 нафар кушта шудаанд. Ҳамроҳ бо Муборак писаронаш Ало ва Ҷамол ва шаш муовини вазири умури дохилӣ ҳам низ ба додгоҳ кашида шудаанд. Аммо додгоҳ онҳоро бегуноҳ хонд.

Ҳуснӣ Муборак нахустин мустабиди араб аст, ки аз сӯи додгоҳи кишвараш маҳкум ба зиндон шуд. Ба дунболи эълони ҳукми абади Ҳуснӣ Муборак Ҳазорон нафар дар майдони "Таҳрир"-и Қоҳира ҷамъ омада, алайҳи ҳукми додгоҳ дар баробари раисиҷумҳури пешин ва дигар мансабдорони воломақом эътироз карданд. Онҳо ҳукмро ноодилона ва раҳоии мансабдорони воломақомро нодуруст шумориданд.
XS
SM
MD
LG