Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агарчӣ солҳои охир дар арсаи омӯзиш ва парвариши Афғонистон дигаргуниҳои чашмгире ба миён омадааст, аммо теъдоде аз донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул аз рафтори нодурусти баъзе аз устодон шикоят доранд.

Ин гурӯҳи донишҷӯён мегӯянд, бархӯрди бисёре аз устодони Донишгоҳи Кобул бо донишомӯзон хашину айбҷӯёна аст. Яке аз онҳо дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфт: "Вақте аз устод савол мекунӣ дар синф, баъдан дар имтиҳон бархӯрдҳои бисёр манфӣ мешавад, баҳои Шуморо паст мегузоранд. Ин гуна бархӯрдҳо вуҷуд доранд дар донишгоҳҳои Афғонистон, бахусус дар донишгоҳи Кобул."

Донишҷӯи дигари ҳамин донишгоҳ мегӯяд, баъзе аз устодон мисли "диктатор" рафтор мекунанд: “Рафтори устодон дар муқобили муҳассилин дар донишгоҳ бисёр хашин аст, рафтори дуруст намекунанд ва ба гунаи диктатурона рафтор мекунанд.”

Ин донишҷӯён мегӯянд, фазои дарси бисёре аз устодон муносиб нест, зеро донишҷӯён аз тарси устод, суол намедиҳанд ва ё наметавонанд, сари мавзӯе баҳс кунанд. Теъдоде аз ин донишҷӯён шикоят доранд, ки вақте аз устоде суол мекунанд ва ё мехоҳанд, эътирозу интиқоде кунанд, ҳушдор мегиранд. Ба гуфтаи донишҷӯён ин кори устодон як навъ “шахсияткушӣ” аст.

Шикоят аз бархӯрди ғайримуносиби устодон дар донишгоҳҳои бархе аз вилояти дигари Афғонистон мавҷуд аст. Аммо устодони донишгоҳҳо бо пазируфтани ин шикоятҳо мегӯянд, фақат бархе аз устодон чунин рафтор доранд ва набояд онро ба ҳама пайванд дод. Омӯзгорони донишгоҳҳо чунин рафторро зодаи шароити хоси иҷтимоӣ дар Афғонистон медонанд ва мегӯянд, ҷомеае, ки афғонҳо дар он зиндагӣ мекунанд, уқдаҳои бузурги равонӣ-иҷтимоиро дар бисёре аз афрод ба бор овардааст. Ба гуфтаи онҳо, устодон низ аъзои ҳамин ҷомеа ҳастанд ва аз костагиҳои он орӣ нестанд.

Равоншиносони афғон ба ин боваранд, ки рафтори номуносибу хашин бо муҳассилон онҳоро қасдгир мекунад. Каримулло Сарганд - равоншиноси афғон мегӯяд, “вақте як муҳассил дохили даврони донишҷӯиаш мешавад, ба лиҳози ӯ зиёдтар тақлид мекунад, чӣ аз лиҳози равобити иҷтимоӣ ва аз чӣ аз лиҳози системаи рӯҳиву равонӣ ва чӣ аз бархӯрд. Агар бо таассуб бо донишҷӯ бархӯрд кунанд, таъсири хеле баде болои онҳо мегузоранд ва ҳамин донишҷӯёнанд, ки дар оянда ҷомеаро месозанд.”

Аммо вазорати таҳсилоти олии Афғонистон интиқоду шикоятҳо аз бархӯрди номуносиби устодони донишгоҳҳои давлатӣ бо донишҷӯёнро беасос мехонад. Азими Нурбахш, сухангӯи ин вазорат, мегӯяд, рафтори устодон бо донишҷӯён дар донишгоҳҳои Афғонистон бархӯрди академикӣ ва дуруст аст: "Бар асоси кодҳои ахлоқӣ, ки дар ин хусус вуҷуд дорад дар донишгоҳҳои олии Афғонистон, ин равишҳо истифода намешаванд, равишҳои беҳтару хубтаранд. Ман комилан ин масъаларо рад мекунам, ки устодон уқдамандона ва бохушунат бо донишҷӯён рафтор мекунанд. Мо ҳеҷ гуна ин гуна маворидро дар муассисаҳои таҳсилоти олии худ надидем."

Ба гуфтаи Азими Нурбахш, ҳатто агар донишҷӯён чунин шикояте дошта бошанд, метавонанд, ба кумитаи назму ахлоқ ва шӯроҳои илмии донишгоҳу донишкадаҳо бирасонанд.

Дар Тоҷикистон низ оё чунин аст? Аз мушоҳидаҳои худ ба мо бинависед. Оё Шумо ҳам зимни таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон муаллими “диктатор” доштед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG