Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Испониё аз кӯмак ба бонкҳояш


Мариано Раҷой, нахуствазири Испониё аз кӯмаки молии кишварҳои ҳавзаи евро ба бонкҳои кишвараш ситоиш кард ва онро пирӯзӣ барои евро хонд. Мариано Раҷой, ки қаблан даъватҳоми байналмилалӣ барои наҷоти молии Испониё аз бӯҳронро рад карда буд, гуфт, кӯмаки 100 миллиард евроӣ, аломати боварии Аврупо ба ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвараш мебошад. Ӯ гуфт:"Нӯҳуми июн рӯзи пирӯзӣ барои эътибори евро шуд ва рӯзи пирӯзӣ барои ояндаи евро. Рӯзи 9 июн рӯзи пирӯзӣ барои Иттиҳодияи Аврупо ва Испониё шуд, зеро кӯмак имкон медиҳад, мо ба ҳадди зарурӣ барои тақвияти сармоягузорӣ ва офаридани ҷойи кор қарз дода тавонем.“ Сандуқи Байналмилалии Пул ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ аз ироаи кӯмакҳои молӣ ба бонкҳои Испониё ситоиш карда ва онро қадами дигар дар муқобила бо густариши бӯҳрон дар ҳавзаи евро хонданд. Испониё дар миёни 17 кишвари ҳавзаи евро чаҳорумин иқтисоди бузурги он аст ва баъд аз Юнону Ирландия ва Португалия чаҳорумин кишваре шуд, ки кӯмаки молӣ тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG