Пайвандҳои дастрасӣ

Толеъи раиси ҷумҳури Фаронса баландӣ кард


Натиҷаҳои ниҳоии даври аввали интихоботи порлумонии Фаронса нишон медиҳад, ки Ҳизби Сотсиалисти раиси ҷумҳур Франсуа Олланд ва ҳампаймони онҳо Ҳизби Сабз аксарияти курсиҳоро ба даст меоранд. Бино ба натиҷаҳои расмӣ, ҳарду ҳизб тақрибан 46 дар сад ва рақибони онҳо аз Ҳизби Ҳаракати Мардумии Фаронса танҳо 34 дар садри раъйи мардумро ба даст овардаанд. Дар сурати собит шудани ин натиҷаҳо дар даври дуввуми интихобот дар рӯзи 17 июн, тарафдорони Франсуа Ҳолланд, аксарияти 577 курсии порлумонро соҳиб мешаванд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ба осонӣ ислоҳоти ваъдагии Франсуа Ҳолландро амалӣ кунанд. Ӯ гуфтааст, молиёти сарватмандон боло бурда ва шароити кори баъзе аз мардуми миёнаҳолро беҳтар мекунад.
XS
SM
MD
LG