Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав ду сартарошидаро ҷазо дод


Додгоҳи шаҳри Маскав ду сартарошидаро барои ҳамла ба мардуми ғайрирус ба зиндон маҳкум кардааст. Ба иттилоъи хабаргузории “Интерфакс”, Георгий Голованови 18-сола ва Евгений Маренчуки 21- сола дар заминаи адоват ба хориҷиён, шаҳрвандони Тоҷикистону Муғулистонро ханҷар зада ва як муҳоҷири ӯзбакро куштаанд. Аммо додгоҳ иттиҳоми қатли муҳоҷири ӯзбак дар заминаи адовати миллиро беасос дониста ва ҳардуро танҳо бо гуноҳи ҳамла ба мардуми ғайрирус аз 6 то 8 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҷавонони тоссари рус соли 2010 чунин ҷиноят кардаанд. Русия тайи солҳои ахир шоҳиди авҷ гирифтани бегонаситезӣ шудааст ва солона даҳҳо нафар дар ин кишвар қурбони дасти миллатгароён мешаванд.
XS
SM
MD
LG