Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон фазои сармоягузориашро дуруст мекунад


Корпоратсияи байналмилалии молӣ, як шохаи Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашт медиҳад, то бо ислоҳи қонунгузорӣ шароити соҳибкорӣ ва сармоягузориро беҳтар кунад. Вазорати молияи Тоҷикистон дар баёнияи расмие гуфтааст, созишнома дар ин замина рӯзи 9 июн шуд. Ҳукумати Тоҷикистон бар асоси ин санад бояд бо рафъи монеаҳои маъмурӣ сабти номи ширкатҳо ва гирифтани иҷозанома барои сохтмонро, осон кунад. Ба гуфтаи вазорат тарҳи мазкур то соли 2016 иҷро мешавад ва ду ҳадафи аслии он беҳтар кардани фазори соҳибкорӣ ва рушди арсаи истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG