Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод чаҳор зойири шиъамазҳабро куштанд


Бар асари ҳамла аз минамёт ба як маҳалли ҳамоиши зойирони шиъамазҳаб дар шаҳри Бағдод дасти кам 4 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамла дар ноҳияи Козимия дар шимолуғарби Бағдод ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар яке аз майдонҳои он зойирони шиъамазҳаб барои сӯгвории Имом Мӯсо Ал-Козим ҷамъ омада буданд. Ба гуфтаи пулиси Ироқ эҳтимолан теъдоди қурбониён хоҳад афзуд. Баъди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ дар моҳи декабри соли гузашта, танишҳои мазҳабӣ дар ин кишвар авҷ гирифтааст ва сунниҳои тундрави шарики Ал-Қоида ҳоло ҳам шиъамазҳабонро ҳадаф мегиранд. Танҳо дар рӯзи 4 июн як бомбгузори маргталаб дар шаҳри Бағдол дасти кам 26 нафарро кушта ва бештар аз 190 тани дигарро захмӣ кард.
XS
SM
MD
LG