Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳаводорони тими Русия хостанд, авбошӣ накунанд


Федератсияи футболи Русия рӯзи якшанбе ба ҳаводорони футболи ин кишвар, ки дар Лаҳистон ҳастанд, ҳушдор дод, ки "авбошии" онҳо метавонад, тими милли Русияро аз холҳои гирифтааш маҳрум кунад. Баёнияи мазкур баъди он нашр шуд, ки ФИФА, Федератсиюни Футболи Аврупо гуфт, ба таҳқиқи гузоришҳо дар бораи авбошии ҳаводорони тими Русия шурӯъ кардааст, ки чанд маъмури таъмини низом дар майдони футболро баъди пирӯзии тими миллии Русия бар Ҷумҳурии Чех бераҳмона латукӯб карданд. Онҳо ҳамчунин бозигари сиёҳпӯсти тими миллии Ҷумҳурии Чехро носазо гуфтаанд. Сергей Фурсенко, раиси Федератсиюни Футболи Русия ба хотири коҳиши ин танишҳо ба Лаҳистон рафта ва назди мақбараи Лех Качинский, раиси ҷумҳури собиқ ва 100 нафари дигар, ки дар суқути ҳавопаймо дар Русия ҳалок шуданд, гулчанбар гузошт.
XS
SM
MD
LG