Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди вазири дифои Фаронса аз Афғонистон


Имрӯз Жан-Ив Ле Дриан-вазири дифои Фаронса аз Афғонистон боздид кард. Дар остонаи ин боздид дар вилояти Кописои Афғонистон 4 сарбози фаронсавӣ дар як инфиҷори маргталабона кушта шуданд.

Ле Дриан дар маросими мотами ин сарбозон ширкат ҷуст. 5 нафари дигар дар ин инфиҷор ҷароҳат бардоштаанд. Вазири фаронсавӣ дар назди низомиён суханронӣ кард ва қарор аст бо раҳбарони Афғонистон мулоқот анҷом диҳад.

Ҳоло дар Афғонистон 3,5 ҳазор низомиёни Фаронса мустақаранд.
XS
SM
MD
LG