Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

12 кушта дар Миср барои соҳибият ба замин


Дар ҷануби Миср дар як даргирии мусаллаҳона дасткам 12 нафар кушта шудаанд. Ин даргириҳо миёни ду қавми рақиб рух додааст. Ин ду қавм аз муддатҳо пеш барои замин бо ҳам ихтилоф доранд.

Даргириҳо шоми рӯзи шанбе шурӯъ шудааст ва баҳс ин будааст, ки кӣ соҳиби заминҳои обӣ дар деҳаи ал-Ҳикма дар вилояти ҷанубии Асван аст.

Дар гузаштаҳо низ миёни ин ду қавм барои ин заминҳо задухурд ба амал омадааст. Вале баъд аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак ин даргириҳо камтар шудааст. Сабаб ин аст, ки ҳоло бештари сокинони деҳот соҳиби аслиҳа шудаанд.
XS
SM
MD
LG