Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии намояндаи ҳизби ҳоким дар интихоботи миёндавраӣ


Бахтиёр Худоёров

Бахтиёр Худоёров

Дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон дар ҳавзаи шумораи 4 шаҳри Душанбе Бахтиёр Худоёров-узви Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ва раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз шудааст.

Ин интихобот 9 июн баргузор шуд. Дар ҷаласаи Кумиссиюни Марказӣ ваколати Бахтиёр Худоёров ба унвони намояндаи мардумӣ ба тасвиб расид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии КМИР ҶТ Раҳмоналӣ Шералиев иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG