Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми низомии Эрон ба "ягона роҳ" ишора мекунад


Як мақоми баландпояи низомии оятулло Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон мегӯяд, “ягона роҳ” барои қудратҳои ҷаҳонӣ пазируфтани мавзеъгирии Эрон роҷеъ ба фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар ба шумор меравад.

Алӣ Сайидӣ-мақоми аршади Сипоҳи Инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар остонаи музокироти қарибулвуқуи кишвараш бо гурӯҳи кишварҳои 5 бар иловаи як (5+1) ин суханонро иброз дошт. Ба ин гурӯҳ Амрикову Британия, Фаронсаву Олмон ва Чину Русия ворид мешаванд. Алӣ Сайидӣ гуфт, “Ягона роҳ барои онҳо пазируфтани хостҳои Эрон дар фазои эҳтироми муттақобила ва хотима додан ба сисёсӣ кардани мавзӯъ аст”.

Музокироти навбатии гурӯҳи кишварҳои мазкур 18-19 июн дар Маскав баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG