Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи Данияву Олмон ва шикасти Ҳолланду Португалия


Шаби нӯҳуми июн ду бозии гурӯҳи “В” дар мусобиқаи қаҳрамонии Ҷоми Аврупо-2012 дар Украина баргузор шуд.

Нахуст дар майдон дастаҳои мунтахаби Дания ва Ҳолланд қувва озмуданд. Ғайричашмдошт бозӣ бо пирӯзии дастаи мунтахаби Дания ва бо ҳисоби 1:0 поён ёфт.

Голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгар Микаэл Крон-Дели зада, тақдири бозиро ба нафъи даниягиҳо ҳал намуд. Ӯ бо тӯб ба ҷаримагоҳ ворид шуд ва зарба зад. Тӯб аз миёни пойҳои дарвозабони Ҳолланд - Мартин Стекеленбург гузашта, вориди тӯри дарвоза гардид.

Дар ин бозӣ ҳарчанд ситораҳои футболи ҷаҳон, аз ҷумла Робин Ван Перси ва Роббен, бозигарони Ҳолланд, кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, вале дастаашонро натавонистанд аз шикаст наҷот диҳанд. Ҳатто баъд аз зарбаи Роббен як бор тӯб ба сутуни дарвозаи даниягиҳо бархӯрд, аммо ба ҳадаф нарасид.

Бозии дигари гурӯҳи "B" бо номи "гурӯҳи марг" миёни дастаҳои Олмон ва Португалия доир шуд. Ин бозӣ низ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи олмониҳо анҷом пазируфт.

Марио Гомес дар дақиқаи 73-юм тӯбро бо сар ба тӯри дарвозаи португалиҳо зад. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи "В" Дания ва Олмон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Ҳолланду Португалия имтиёз надоранд.

Имшаб, 10-уми июн, бозиҳои гурӯҳи "С" шурӯъ мешаванд. Нахуст соати 21:00 ба вақти Душанбе Испания ва Итолиё, баъдан соати 23:45 Ирландия ва Хорватия рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои гурӯҳи охирин - “D” фардо, 11-уми июн, миёни дастаҳои Фаронса ва Инглистон, Украина ва Шветсия баргузор хоҳад шуд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (бозигари Русия) бо 2 гол дар ҷои аввал аст.
XS
SM
MD
LG