Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо ба Испания шояд то 100 млрд евро диҳад


Вазирони молияи минтақаи евро рӯзи шанбе дархости эҳтимолии Испания барои кумаки молӣ ба низоми бонкиашро баҳс мекунанд. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, бонкҳои Испания ба тақрибан 40 миллиард евро сармоя ниёз доранд. Расонаҳо бидуни бурдани ном аз қавли мақомот гуфтаанд, ки минтақаи евро дар ивази ислоҳоти низоми молиаш омодааст, ба Мадрид то 100 миллиард евро пешниҳод кунад. Раиси Сандуқи пул Кристин Лагард ҳам аз раҳбарони Аврупо хостааст, барои мубориза бо буҳрон оҷилан ба табобати бонкҳои худ бипардозанд.
XS
SM
MD
LG