Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани 4 аскари ISAF дар Каписои Афғонистон


Порис ҳалокати 4 сарбози ISAF дар як ҳамлаи рӯзи шанбеи чирикиҳо дар шарқи Афғонистон алайҳи нирӯҳои Фаронсаро тасдиқ кард. Дафтари раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд гуфт, дар ин ҳамла дар вилояти Каписо 5 сарбози дигар ҷароҳат бардошта, вазъи 3 тани онҳо вахим будааст. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид бо даъвои масъулияти ҳамла дар як номаи электронӣ ба расонаҳо гуфт, ҳамларо бомбгузори маргталаб анҷом дод.
Фаронса моҳи гузашта эълон кард, ки алакай то поёни сол 2000 сарбозашро аз Афғонистон берун хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG