Пайвандҳои дастрасӣ

Челах: Марзбони №15 - муттаҳам ба қатли ҳамхидматон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Даҳ рӯз боз дар Қазоқистон мавзӯи аввали вирди забонҳо қазияи кушта шудани 14 марзбон ва як ҷангалбон аст.

Мақомот мегӯянд, Владислав Челах, сарбози 15-уми ин посгоҳ, ки баъд аз як ҳафтаи воқеа дар манзили чӯпоние дар наздикии посгоҳи Арканкерген дастгир шуд, қатли ҳамхидматонаш ва ҳам сӯзондани посгоҳро ба гардан гирифтааст.

Нурдавлат Суиндиқов - намояндаи додситонии кулли Қазоқистон гуфт, далели ҷиноят зиддиятҳои дохилӣ ва ҳолати бехудии ин сарбози 19-сола буда, далелҳои шайъие, чун либоси мулкӣ, компютер ва телефонҳои мобили чанде аз кушташудагон, ки дар дасти Челах буд, низ ба даст доштани ӯ дар ин ҷинояти мудҳиш ишора мекунанд. Бино ба хабарҳо, ҳангоми боздошти Владислав Челах, худкори Калашникови фармондеҳи посгоҳи Арканкерген низ дар дасташ буд.

Суиндиқов гуфт, Челах ҳамхидматони худ ва ҳам ҷангалбонеро, ки бо амри тасодуф дар посгоҳ буд, субҳи 28-уми май, дар соате ки ба ҷуз аз дидбон, бақия масти хоб буданд, куштааст. Аҷсоди 11 қурбониро аз посгоҳи сӯхта рӯзи 30-юми май ва ҷанозаи се марзбони дигарро рӯзе баъд дар атроф пайдо карданд. Вале худи Владислав Челах рӯзи 5-уми июн дар як манзили чӯпонӣ ва либоси мулкӣ дар тану силоҳи фармондеҳаш дар даст ба даст афтод.

Владимир Челах

Владимир Челах

Аммо пайвандони ӯ ба даст доштани Владислав дар куштор бовар надоранд. Бобои ӯ Владимир Челах мегӯяд, набераашро “гӯсфанди қурбонӣ” кардаанд ва мехоҳанд гуноҳи дигаронро ба гардани ӯ бор кунанд: “Ман на шаб хоб дораму на рӯз. Чизе ҳам хӯрда наметавонам ва намедонам, ки рӯи чӣ истодаам? Шояд фақат рӯи асабҳоям.”

Владислав Челах касби падариро ихтиёр карда, то рафтан ба артиш давраҳои вижаи таълими муҳандисони қаторро хатм карда буд. Дар Қазоқистон мисли Тоҷикистон аксар аз хидмат дар артиш бо ҳар роҳе фирор мекунанд, вале Владислав Челах довталабона ба хидмат рафта буд. Модараш Светлана Вашенко ӯро “як писари оддӣ” тасвир мекунад, ки ҳамеша орзуи марзбон шуданро дошт. Ӯ номаи охирини писараш аз посгоҳи Арканкергенро ҳам ба хабарнигорон нишон дод, ки дар он Владислав ба модараш менависад: “Модари азиз. Бароят аз марзи Қазоқистон нома мезанам. Билохира ман инҷоям. Акнун ман узви нерӯҳои марзбонӣ шудам.” Ӯ макони хидматашро як мавзеи хеле зебои воқеъ дар байни кӯҳҳои Чин аз як сӯву кӯҳҳои Қазоқистон аз сӯи дигар тасвир мекунад, вале ҳатто ишораи ночизе ҳам ба нороҳатиаш аз хидмат ё ҳамхидматон надорад.

Модараш мегӯяд, Владислав мехост дар моҳи июл барои ягон 10 рӯз рухсатӣ гирифта, барои дидани додари навзодаш Павлик биояд. Аммо боздошти ӯ ва он ҳам бо иттиҳоми қатли 15 нафар дар зеҳни пайвандони Владислав эҳсоси дугунаеро боқӣ мегузорад. Аз як сӯ, онҳо шукр мегӯянд, ки ӯ зинда аст, вале аз сӯи дигар нигарони сарнавишташ ҳам ҳастанд, ки дар чунин синни хеле ҷавон шояд ба ҳабси умрбод маҳкум шавад ва боқии умраш дар зиндон гузарад.
XS
SM
MD
LG