Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар байни рӯшанфикрон ақидаи дурусте мавҷуд аст, ки миллат танҳо қисми бофарҳанги ҳар як қавм ё мардум мебошад.

Адаш Истад, Самарқанд

Пеш аз ҳама бояд равшан кунем, ки мафҳуми миллат кай дар сарзамини мо пайдо шуд. Ҷои дигар чи маъноҳо дошт намедонам, аммо аз куҳансолоне, ки дар замони Русияи подшоҳӣ ҷавониашон сипари шудааст, шунидаам, ки "миллати мо мусулмон аст, забонамон – форсӣ, аз қавми тоҷикем".

Забон қавм, яъне мардумро муайян мекардааст.

Эҳтимол иделогҳои замони пеш аз Шӯравии капиталистӣ вожаи миллатро ба маънои этнос, яъне қавм ихтисос додаанд. Дар матбуоти Шӯравӣ низ ба ҳамин маъно истифода мекарданд.

Касе аз хомабадастон байни мардум, қавм ва миллат фарқе намегузошт. Агар баҳсе шавад, худи камина иброз медоштам, ки мафҳуми миллатро буржуазия ба вуҷуд овард, то ки зери шиори манофеи миллӣ на капиталистони бегона, балки танҳо худаш ба сарватҳои кишвар соҳиб шавад. Ба ин сабаб, сарватмандони ҳар як кишвар ба кӯмаки фарҳанги миллӣ (масалан Третьяков) маблағҳои калонро хайрия мекарданд.

Аммо дар сад соли охир ҳам капитализм дигар шудаасту ҳам капиталист. Капиталистони нави Русия қасрҳои худро асосан дар Лондону Амрико месозанд, бачаҳои худро дар шаҳру кишварҳои Ғарб таълим медиҳанд, пулҳои худро ба бонкҳои хориҷӣ месупоранд. Буржуазияи муосир миллат надорад, манофеи миллат чист намедонад ва донистан ҳам намехоҳад.

Солҳои 1995-2000 аз рӯи тақозои вазифаи рӯзноманигориам дар маҷлисҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоят иштирок мекардам, ки ҳафтае як бор баргузор мешуд. Ягон бор мушоҳида накардаам, ки соҳиби ягон корхона бо ихтиёри худ ба ягон муассисаи фарҳангӣ ё таълимӣ кӯмак карда бошад. Доимо ҳоким онҳоро маҷбур мекард, ки ин амали хайрро кунанд. Ҳоло ҳастанд чанд нафаре, ки ин амалро ихтиёрӣ мекунанд, аммо ин кори онҳо ба ҳисси миллиашон алоқае надорад. Дар байни рӯшанфикрон ақидаи дурусте мавҷуд, ки миллат танҳо қисми бофарҳанги ҳар як қавм ё мардум аст.

Бофарҳанг будан, яъне соҳиби маданияти баланди инсонӣ будан аст, ки ахлоқи хамида асоси онро ташкил мекунад. Баъзе блогнависон аз рафтори бади ҳамқавмони тоҷики худ нигаронанд. Дар Интернет хондам, ки навиштаанд, миллати тоҷик фалон, беҳмадон. Агар Шумо – мардикорони ба дараҷаи люмпен поин омадаро ҳаммиллати худ шуморед, ин хатост.

Фоҳиша, дузд ва дигар унсури ҷинояткору бадахлоқ бо Шумо ҳамқавм буда метавонад, аммо ҳаммиллат нест. Дар замони тошӯравӣ низ чунин фарқгузорӣ дар кишварамон вуҷуд доштааст. Агар омӣ бо ягон мулло ё муаллим ҷанҷол кунад, қозӣ чизе напурсида омиро ҷазо медодааст.

Афсӯс, ки баъзе хомаронҳо ҳанӯз ҳам аз "камбағалӣ айб нест, ҳама баробаранд" барин қолабҳои фикрии идеологияи Шӯравӣ халос нашудаанд. Дар забони русӣ ҳаммиллатро чӣ мегӯянд? Соплеменник ё сонациональ?

Соплеменник аз племя, яъне қабила сохта шудааст. Русизабонҳо агар оид ба ҳаммиллатони мо муроҷиат карданӣ шаванд, "Ваши соплеменники…"-гӯён суханро сар мекунанд. Дар бисёр кишварҳо дар шиносномаҳо ҷое, ки миллат бояд навишта шавад, шаҳрванди ҳамон кишварро менависанд, на тааллуқоти қавмиро.

Чӣ хеле, ки дар забони русӣ байни нация ва национальность тафовут вуҷуд дорад, мо низ бояд дар графаи шиносномаҳо миллат неву шаҳрванд ё ягон чизи дигар нависем, ки шаҳрвандиро ифода кунад, на тааллуқоти қавмиро.

Оё метавон маҳалгароро ҳаммиллат номид?

Маҳалгаро ҳаммиллат шуда наметавонад, ба он далел ки худро ҷузъи як миллати том ҳисоб намекунад ва манофеи маҳаллиро аз манофеи умумимиллӣ боло мегузорад. Хулас, аз сокинони ҳар кишвар қисми бофаросату бофарҳанги онро миллат меноманд. Аносири ҷиноӣ, бадахлоқи қавми тоҷик ҳақ надорад худро бо устод Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳаммиллат ҳисоб кунад. Эталони миллии тоҷикро чунин бузургмардон таъйин намудаанд.

Вожаи "миллӣ" ба маънои давлат низ истифода мешавад. Масалан дар ибораи бонки миллӣ ҳамин маъноро дорад. Пешрафти ҳар як кишвар ба он вобаста аст, ки қишри миллатшудаи мардум бар миллатнашуда афзалияту бартарии зиёде дошта бошад. Дар Аврупо қишри миллатшудаи мардуми ҳар як кишвар зиёдтар аст, нисбат ба кишварҳои собиқи Шӯравӣ.

Дар замонҳои Шӯравӣ низ дар ҷумҳуриҳои аврупоии Иттифоқи Шӯравӣ худшиносии миллӣ зиёдтар буд, нисбат ба Тоҷикистон. Дар он мамлакатҳо санъати театр, синамо, мусиқӣ, меъморӣ хеле пеш рафта буд. Арманиву гурҷӣ он тараф истанд, мо тоҷикон ба озариҳои мисли худамон мусалмон расида наметавонистем. Ба ғайри экраникунонии "Шоҳнома" синамои тоҷик дар кинои мустанад пешрафте дошт, аммо воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ идомаи онро барҳадар кард.

Миллатсозӣ кори муҳими ҳар як давлати миллист, чун ин кор маънавияту ахлоқи ҷомеаро ба дараҷаи сифатан нав боло бардошта барои рушди иқтисодиву фарҳангии мардум шароити беҳтаре ба вуҷуд меорад. Давлат бояд дар ин боб барномаҳои аниқ дошта бошад. Аммо дар навбати аввал мо бояд мактаби таълими ҳамагониро дигар кунем.

Ин масъаларо ҳамту ба ҳоли худ гузоштан, гуфтан, ки бо мурури солҳо мардум "бомаърифаттар шудан мегиранд чун телевизион ва интернет дар густариш аст" хатарнок аст.

Миллатнашуда одами хатарнок аст. Ҳамин гуна миллатнашудаҳо буданд, ки бозичаи дасти гурӯҳҳои ифротии дарунӣ ё хориҷӣ шуда дар Тоҷикистон хунрезиҳо карданд. Онҳоро ба мақсадҳои нопок боз истифода карданашон мумкин. Ба ин сабаб тамоми қишри миллатшудаи ҷомеа бояд ба миллат шудани миллатнашудаҳо бикӯшанд.

Албатта, дар ин бобат омӯзгорон, адибону донишмандон вазифаҳои бузурге бар дӯш доранд...

Аз блоги "Герби шердор"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG