Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силоҳбадастон 4 пулисро дар Квейта куштанд


Афроди мусаллаҳ дар Покистон 4 пулисро ҳангоми дидбонии як роҳи оҳан дар канори Квейта – маркази вилояти ошӯбзадаи Балуҷистон куштаанд. Намояндаи пулис Шавкат Алӣ гуфт, ин ҳамла вақте рух дод, ки мақомотро аз қасди гузоштани бомб дар тӯли ин роҳи оҳан хабардор карданд. Касе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Балуҷистони саршор аз нафту газ бо ҷангиёни исломиву хушунатҳои байни сунниҳову шиъаҳо ва ҳам бо таҳдиди чирикиҳои ҷудоиталаб рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG