Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фолбин ё табиби халқӣ? Шаҳодатнома барои "пешгӯӣ"


Ин занон дар хонаи фолбине, ки худашро "табиби мардумӣ" меномад, дар навбат истодаанд.

Ин занон дар хонаи фолбине, ки худашро "табиби мардумӣ" меномад, дар навбат истодаанд.

Маъмурони идораи андоз аз як сокини Душанбе, ки ба фолгирӣ машғул аст, хостаанд, то андози давлатро ҳам бисупорад.

Дар як канораи шаҳри Душанбе хонае ҳаст, ки бисёриҳо онро медонанд ва ҳар рӯз дар назди дараш занони зиёде навбат мегиранд. Баъзан мардҳои хушсарулибосро низ дар ин навбат дидан мумкин аст.

Ин хонаи Мунира-хола аст. Вай худашро табиби мардумӣ меномад, аммо бисёриҳо ӯро фолбини хуб мешуморанд. Мунира-хола мегӯяд, чанде пештар нозирони андоз назди ӯ омада ва гуфтаанд, ки шаҳодатномаи соҳибкорӣ гирад ва аз даромади худ андоз супорад. Вале ӯ мегӯяд, соҳибкор нест, балки фақат ба мардум ёрӣ мерасонад ва барои ин амали “хайр” андоз супурданӣ нест.

“Ба назди ман бисёр касалиҳоро меоранд. Мисли шамол хӯрдагӣ, буғумдард ва касалиҳои рӯҳӣ. Аввал беморро мебинам, агар табобат мешудагӣ бошад, табобат мекунам. Аммо аз ҳамаашон мепурсам, ки аз назди духтур гузаштаанд ё не?”,-мегӯяд Мунира-хола. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ба назди ӯ аксаран занҳо меоянд ва бархеи онҳо аз хонаводаҳои мансабдоронанд. Бештари занон аз ӯ мехостаанд, барои мансаби баландтар гирифтани шавҳарашон кумак кунад ва ё ба истилоҳ “пеши роҳи онҳоро кушояд”.

Занҳое, ки дар назди хонаи Мунира-хола навбат мепоиданд, дар сӯҳбатҳои байни худ як фолкушоиро аз 50 то сад сомонӣ нарх мекарданд. Бо як ҳисоби оддии математикии ин муштариён метавон гуфт, ин зан аз фаъолияти фолбиниаш дар як рӯз тақрибан аз 400 то 500 сомонӣ маблағ кор мекунад. Агар фаъолияти Мунира-хола фолбинӣ шумурда шавад, ин амал дар Тоҷикистон аз соли 2007-ум ба сӯ манъ аст ва шахсоне, ки ба ин корҳо шуғл меварзанд, аз 150 то 230 доллар ҷарима мешаванд.

Як манбаъ дар Кумитаи андози Тоҷикистон дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, аз пешаҳое, ки дар кишвар мамнӯъянд, андоз ситонида намешавад ва бо ин афрод бояд пулис сари кор гирад. Вале ӯ афзуд, баъд аз манъ шудани фолбинӣ аксари фолбинҳо худро табиби мардумӣ муаррифӣ мекунанд, бинобар ин аз чунин табибоне, ки сертификати Вазорати тандурустиро доранд, андоз ситонида мешавад.

Манзараи рӯйи қоғаз шояд дигар аст, аммо ба зоҳир феълан дар Тоҷикистон фолбину ҷодугарон аз табибони мардумӣ дида зиёдтаранд ва муштариёни бештар доранд. Баъзе аз фолкушоён дар миёни мансабдорони баландпояи давлатӣ муштариёни доимӣ доранд, ки шояд дар ҳолати зарурат барои ин фолбинҳо ба ҳайси сипар хидмат мекунанд.

Фолбинҳо ҳамчунин дар аксари бозору хиёбонҳои серодам ба кори худ машғуланд ва касе ба корашон монеъ намешавад. Яке аз чунин фолбинҳо дар паси ҳайкали Айнӣ нишаста бо ёрии як парранда ва чандин коғазакҳои печонидашуда бар ивази 1 сомонӣ фол мебинад. Муштарӣ номи худро мегӯяд ва парранда бо минқораш яке аз коғазакҳоро мекашад, ки дар он ҷо тақдири ояндаи ин шахс навишта шудааст.

Рӯҳшинос Маҳмуд Кабирӣ дар мавриди эътиқоди беандозаи мардум ба фолу фолбинҳо мегӯяд, “мардуми мо атрофро, муҳитро бо эҳсос қабул мекунанд, на ба ақл. Фолу фолбинӣ ҳам аз гӯшаи эҳсос аст ва бинобар ин мардуми тоҷик дар аксар маврид ба фолбинҳо муроҷиат мекунад.”

Бо вуҷуди он ки рӯҳониёни саршиноси тоҷик ҳам кори фолбинҳоро маҳкум кардаву ҳаром хондаанд, таваҷҷӯҳ ва ихлоси мардум аз онҳо кам нашудааст. Сабаби ин ҳолатро Маҳмуд Кабирӣ дар он мебинад, ки рӯҳониён илми равоншиносиро хуб намедонанд ва равоншиносон улуми диниро ва ҳар кадом дар алоҳидагӣ ба обрӯи фолбинҳо мубориза мебаранд. Ӯ мегӯяд, замоне ба ин хурофот мешавад нуқтаи таммат гузошт, ки рӯҳониён ва равоншиносон дар якҷогӣ амал кунанд.

Аммо фолбинӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Русия мамнӯъ нест ва онҳо расман ба кушодани ҷиноятҳои печида ва пешгӯӣ кардани ояндаи ягон соҳибкор ва ҳатто сиёсатмадорон кӯмак мекунанд. Турсуной Зокирова, як зани тоҷик аз вилояти Суғд, чанд сол кабл дар барномаи пурнуфузи “Набарди экстрасенсҳо” ширкат карда, ғолиб омад ва ҳоло дар яке аз ширкатҳои байнулмилалии эктрасенсӣ кор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG