Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навбати мизбонии Euro 2012 имрӯз ба Украина расид


Украина рӯзи шанбе навбати мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупоро ба дӯш мегирад. Euro 2012 дирӯз бо ду бозии аввалаш дар Лаҳистон оғоз ёфт. Рақобати Лаҳистон бо Юнон бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Аммо Русия Чехияро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Рӯзи шанбе дар Харков тимҳои Ҳолланду Дания ва дар Лвов Олмону Португалия бо ҳам вориди рақобат хоҳанд шуд. Оғози Euro 2012 дар Украина дар ҳолест, ки раҳбарони зиёди аврупоӣ ба маҳзи қазияи Юлия Тимошенкои зиндонӣ ба таҳрими бозиҳое, ки дар ин кишвар мегузаранд, таҳдид кардаанд.
XS
SM
MD
LG