Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди нерӯҳои давлатӣ бо мухолифон дар Димишқ


Рӯзи ҷумъа дар хиёбонҳои Димишқ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон даргирҳои мусаллаҳона рӯй додааст.

Ҳамзамон бо даргириҳои мусаллаҳона дар Димишқ, ки пештар яке аз пойгоҳҳои мустаҳками ҳукумати Башор Асад -- раисиҷумҳури Сурия ба шумор меомад, тазоҳурот низ баргузор шуда, дар он камаш бист нафар кушта шудаанд.

Дар тӯли понздаҳ моҳе, ки аз шурӯи эътирозҳо дар Сурия мегузарад, Димишқ таҳти контрол ё назорати шадиди нерӯҳои амниятӣ қарор дошт. Дар ҳамон ҳол нерӯҳои давлатӣ сайъ доштанд, эътирозҳои рӯ ба густариш дар дигар минтақаҳои Сурияро саркӯб кунанд. Аммо дар моҳҳои охир ҳодисаҳое ҳамчун тазоҳурот, инфиҷор ва даргириҳои мусаллаҳона ба Димишқ ҳам расид.

Фаъолони Сурия рӯзи ҷумъаи ҳаштуми июн тасвирҳоеро дар Интернет гузоштанд, ки дар баъзеи онҳо дида мешавад, дуди сиёҳ аз сохтмонҳо боло меравад. Ба қавли фаъолон, нерӯҳои артиши озоди Сурия - мухолифони мусаллаҳи Башор Асад - ба яке аз пойгоҳҳои амниятӣ ҳуҷум кардаанд. Ба ҳамин далел, нерӯҳои амниятӣ ба минтақаи даргирӣ рафтаанд, то ба ин ҳамла муқобила кунанд.

Пеш аз он, хабарҳое аз инфиҷори худрав ё мошини бомбгузоришуда дар яке аз минтақаҳои Димишқ пахш шуд, ки бо кушта шудани ду нафар, аз ҷумла як нерӯи амниятӣ анҷомидааст.

Рӯзи ҷумъаи гузашта мухолифони мусаллаҳи Башор Асад эълом карданд, ки ба далели идомаи ҳамлаҳои нерӯҳои амниятӣ ба мӯътаризон, ба оташбасе, ки бар пояи тарҳи сулҳи Кофӣ Аннон - фиристодаи махсуси Иттиҳодияи Араб ва Созмони Милал иҷрои онро пазируфтаанд, пойбанд нахоҳанд буд. Аз он вақт даргириҳо миёни мухолифон ва нерӯҳои давлатӣ шиддат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG