Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони Раёсати умури дохилии Душанбе ду шаҳрванди Фаронсаро дар нақзи тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам медонанд.

Ба таъкиди ин масъулон Малика Малки, атташеи Кумиссиюни Аврупоӣ ва ҳамсараш - Ҷалол Каззу, тартиботи ҷамъиятиро нақз карда ва ба кормандони пулис ҳамла оварданд, ки дар натиҷа се корманди пулис осеби ҷисмонӣ гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки то ҳол намояндагии дафтари Кумиссиюни Аврупоӣ дар Душанбе нисбати ин ҳодиса мавқеи худро расман изҳор накардааст.

Полковник Кароматуллоҳ Раҷабов, сардори бахши тартиботи ҷамъиятии Раёсати умури дохилии Душанбе аз нафароне аст, ки шоҳиди бархӯрди ду шаҳрванди Фаронса бо кормандони пулис дар шоми 4 - июн дар яке аз қаҳвахонаҳои сарироҳии майдони 800 — солагии Маскав, воқеъ дар рӯ ба рӯи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ будааст.

Вай дар сӯҳбат бо РО таъкид кард, ки Малика Малки, атташеи Кумиссиюни Аврупоӣ ва ҳамсараш — Ҷалол Каззу он ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанд ва бо вуҷуди талоши пулис барои ором кардан, онҳо муқобилият карда ва атрофиёнро таҳқир мекарданд.

Кароматулло Раҷабов афзуд, «милисаҳоро зада истода буданд, ман хостам, ки онҳоро халос кунам. Аммо он зан (Малика Малкӣ) хост шишаро ба сари ман ҳавола диҳад, ки милисаҳо ӯро дошта ва шишаро аз дасташ гирифтанд. Онҳо дар ҳолати мастӣ буданд ва бо забони хориҷӣ, шояд инглисӣ бошад, ки ҳақорат мекарданд, Хоҳиш кардем, ки ором шаванд ва ба истироҳати дигарон халал нарасонанд, аммо гӯш накарданд. Баъд маҷбур шудем, ки онҳоро ба шӯъба барем. Аммо дар роҳ боз ҳам муқобилият кардан ва ба кормандони милиса дарафтоданд, онҳоро заданд ва либосҳояшонро даронданд. Дар шӯъба ташхис кардем, ҳолати сархушиашон дараҷаи миёнаро нишон дод. Экспертизаи судӣ - тиббӣ низ гузаронида шуд ва санад тартиб дода шуд. Билохира намояндаашонро даъват кардем ва ба вай супоридем».



Ба таъкили ин мақоми пулиси Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи хонум Малки ва шаҳвараш, лейтенент Гулмурод Файзов, майор Далер Шододов ва майор Рамазон Қурбонов, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур осеби ҷисмонӣ гирифтаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Караматулло Раҷабов, ин ду шаҳрванди хориҷӣ дар бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ ором нагирифта ва мизи курсиҳоро шикастанд. Ҷаноби Раҷабов гуфт, беш аз 20 нафар аз касоне, ки дар он шаб шоҳиди бетартибии ду шаҳрванди Фаронса дар назди Театри опера ва балети шаҳри Душанбе шудаанд, ба пулис баёнот додаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Нигора, пешхизмати қаҳвахонаи сарироҳӣ дар майдони 800-солагии шаҳри Маскав дар бораи ин ҳодиса гуфт, «онҳо, яъне хориҷҳо ҳамроҳи худ як шиша арақ оварданд ва дар мизи дигар меҳмнони маъруф Шабнами сураё, Сураё Қоисмова нишаста буданд. Дар мизҳои дигар дигарон нишаста буданд. Ин ду хориҷӣ нисбати бӯи атриёти Шабнаму модараш эрод гирифтанд ва тарафи як ҷавоне, ки дар дигар миз нишаста буд, гапҳои қабеҳ гуфтанд. Вай ҷавон ҳам ҳайрон шуд. Касоне, ки забонашҳонро медонистанд, онҳоро ором карданӣ буданд, аммо ҷангу ҷидол бардоштанд. Кормандони милиса низ омаданд, то онҳоро ором кунанд, аммо зан шишаи арақро гирифта ба сари милиса ҳаво дод. Онҳо чизе, ки хурданд, маблағи 90 сомонӣ напардохтанд, зарфҳои болои мизро шикастанд. Мизу курсиҳоро ҳар тараф партофтанд».

Афзун бар ин вазорати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия ба вазорати умури хориҷии кишвар нома ирсол карда ва мақомоти идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дафтари Кумиссиюни Аврупоиро дар ҷараёни ин қазия гузоштааст.

Аммо дар ҳоле, ки мақомоти пулис ва иддае аз шоҳидон дар бетартибии қаҳвахонаи сарироҳии майдони 800 — солагии шаҳри Маскав ду фаронсавиро мутаҳҳам медонанд, намояндагии Кумиссиюни Аврупоӣ дар Душанбе то ҳол мавқеи хешро рӯшан накардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари Кумиссиюни Аврупоӣ дар Душанбе рӯзи ҷумъа гуфт, ки ин созмони байналмилалӣ то ҳол номаи расмие дар ин замина дарёфт накардааст, «то ҳол ин номаро мо дарёфт накардаем. Аммо худи сафир, раҳбари намояндагӣ ин қазияро таҳқиқ дорад ва мегӯяд, пас аз он худашон ба матбуот изҳори назар хоҳад кард».

Соҳибназарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки чунин баҳсе миёни як созмони хориҷӣ ва як ниҳоди қудратии Тоҷикистон бесобиқа аст, аммо мақоми дипломатӣ доштани Малика Малкӣ, атташеи Кумиссиюни Аврупоӣ, ҳалли ин қазия аз доираи салоҳияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон берун аст. Ва ба таъкиди онҳо танҳо вазорати хориҷии Тоҷикистон метавонад, дар ҳамкории муштарак бо дафтари Кумиссиюни Аврупоӣ ба ин баҳс расидагӣ кунад.

Аммо боз ҳам дида мешавад, вазорати хориҷии Тоҷикистон низ расидагӣ ба ин қазияро ба намояндагии Кумиссиюни Аврупоӣ дар Душанбе ҳавола кардааст.

Ин дар ҳоле, ки ҳамла тавассути як дипломати хориҷӣ на ба як фарди оддӣ дар Тоҷикистон, балки ба маъмурони пулис ва он ҳам афсарони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG