Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари сарвари Раёсати консулӣ таъйин шудани писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба мансабҳои давлатӣ муқаррар шудани фарзандони президентро ба ёдҳо овард.

Хабари ба вазифаи сарвари Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудани Ҷамолиддин Убайдуллоев ҳарчанд бо таъхири тӯлонӣ расонаӣ шуд, барои бисёриҳо дафъатан ба мансабҳои давлатӣ муқаррар шудани писар ва духтари раисиҷумҳури Тоҷикистонро ёдовар шуд. Чанд сол ҳамин курсии раҳбари бахши консулии вазорати умури хориҷиро духтари Эмомалӣ Раҳмон - Озода ишғол мекард, ки ҳоло муовини вазир шудааст.

Назари бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо ба ин падидаро метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Бархе бар инанд, ки ҳукумат акнун меросӣ ва хонаводагӣ хоҳад шуд, аммо бархе дигар мегӯянд, насли нав шояд вазифаҳои давлатиро ба маротиб беҳтар анҷом диҳад. Иттифоқан, ҳамкоронаш Ҷамолиддин Убайдуллоеви 32-сола ва хатмкардаи донишгоҳе дар Бритониёро, ки 9 сол сарвари шӯъбаи ҳамкориҳои хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон буд, як нафари арзанда, кордон, бомаърифат ва босавод муаррифӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар замони раҳбарии ӯ низоми нави қабули шаҳрвандон дар консулии Вазорати корҳои хориҷӣ зикр мешавад.

Давлат Назриев

Давлат Назриев

Давлат Назриев, сарвари Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорат гуфт, ин барнома тайи чанд моҳи ахир роҳандозӣ ва аз сӯи шаҳрвандон хуб истиқбол шуд: "Вақте медароед, ягон нафар ба Шумо мамониат намекунад. Як дастгоҳ аст, ки тугмаашро пахш мекунед ва ба Шумо купони рақамдор медиҳад. Ин рақами қабули Шумост, ки дар таблои як масъули консулӣ пайдо мешавад ва навбати Шуморо муайян мекунад. Коратонро буд мекунед, меравед."

Яке аз ҳамдарсони Ҷамолиддин дар мактаби рақами 53-юми пойтахт мегӯяд, ӯ аз пешсафони синф буд ва донишгоҳи хориҷиро низ бо дониши худ хатм кардааст. Ҳамкорон ва ҳамдарсон дар сӯҳбат бо мо танҳо аз сифатҳои хуби ӯ сӯҳбат карданд ва ба суоли мо дар бораи он ки "оё чӣ камбудие дар таҳсилу кори ӯ вуҷуд дорад?", гуфтанд, ҳамчунин камбудиеро надидаанд. Танҳо баъзеҳо ишора карданд, ки писари Убайдуллоев будан шояд пешдовариҳоеро ба миён орад, ки ин шахс мансабро, ба истилоҳ, “муфту осон” гирифтааст.



Коршинос Фаридуни Абдураҳмон мегӯяд, вазифа гирифтани фарзандони мансабдорон дигар хабари доғ нест: "Ҳайрон намешавам, агар вазифаи сардори раёсати консулиро писари мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев соҳиб шудааст. Аммо хабари ғайричашмдошт мебуд, агар ба ин вазифа фарзанди ягон мардикоре дар Русия таъйин мешуд. Ин ки фарзандони президент, вазиру мири шаҳр соҳиби вазифаҳо мешаванд, дар Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳодисаи маъмулӣ хоҳад буд."

Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев

Дар гузашта раёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин коргоҳи Баҳром Холназаров, домоди бародари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон будааст, ки ҳоло сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон аст. Дар ҳоли ҳозир, писари дигари шаҳрдори Душанбе - Амирҷон Убайдуллоев намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор, домодҳои раисҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва Ашраф Гулов, писари вазири энержӣ ва саноат - Шералӣ Гул, сарвари Раёсати андонзсупорандагони бузурги Кумитаи андози Тоҷикистонанд.

Писарони Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия - Манучеҳр, раиси филиали "Агроинвестбанк" дар ноҳияи Шоҳмансур ва ва Фазлиддин, директори фронт офис - шӯъбаи кортҳои пластикии "Тоҷиксодиротбонк"-анд. Исломхон Давлатов - писари Матлубхон Давлатов, муовини сарвазири Тоҷикистон сарварии яке аз раёсатҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистонро ба зимма дорад.

Дар миёни онҳо исми Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои аввал меистад, ки сарварии Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро сарварӣ мекунад. Аммо ин феҳристи пурраи ҳузури "ҷавонони тиллоӣ" дар ҳукумати Тоҷикистон нест. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, раҳбарони дигари Тоҷикистон ҳам то ҳадди аксар кӯшидаанд, ки ворисони онҳо дар хориҷа дар донишгоҳи хубе таҳсил кунанд ва дар ватан дар коргоҳи шоистае "бисабзанд".

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Фаридуни Абдураҳмон мегӯяд, болоравиҳои фарзандони афроди калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон як гуна ҳайати эҳтимолии ҳукумати кишвар то 10-15 соли баъдро муайян мекунад ва ному насабҳои маъруфи имрӯз дар оянда низ дучор хоҳанд омад. Ин нукта ҳам зикр мешавад, ки намояндагони насли нав дар иҷрои вазифаҳои давлатии худ фаъол ва комёбанд. Аммо коршинос Рустами Маҷид мегӯяд, муваффақияти фарзандони мансабдорон дар вазифаҳо ҳам реша дар нуфузи падарони онҳо доранд, вагарна чаро дар ҷои онҳо як нафари дигар комёб нест ва намешавад: "Азбаски онҳо писари фалониву фалонӣ ҳастанд, роҳбаронашон ҳам ба онҳо кор намегиранд ва ҳамаи шароитро барояшон фароҳам меоранд, то худашонро нишон диҳанд. Албатта, муваффақият ҳам ба ҳамонҳое даст медиҳад, ки истеъдод доранд. Аммо чизе нагӯем, дар чашми мардум омилҳои "непотизм"-у коррупсия, ба қавли мардум "через" бештар ба назар мехӯрад."

Аммо дар асл "ҷавонони тиллоӣ дар кадом сатҳи касбӣ қарор доранд?" - суоли ҳанӯз бепосух аст. Онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон канорагирӣ ва аз зоҳир шудан дар расонаҳо худдорӣ мекунанд. То ин замон як маротиба Ҷамолиддин Нуралиев, ҳамчун муовини вазири адлия ва Озода Раҳмонова, ҳамчун сарвари раёсати консулии вазорати хориҷӣ бо расонаҳо сӯҳбат карда буданд. Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, ин кори онҳоро худнамоӣ арзёбӣ мекунанд ва ҳам дар болоҳо хуш қабул намешавад.

Бобоҷон Бобохонов

Бобоҷон Бобохонов

Вай гуфт, вақте дар бораи ягон "бачаи муҳоҷир" сӯҳбат мешавад, даст ба фасод задани ӯ истисно шуда наметавонад, дар ҳоле ки фарзандони "калонҳо"ҳамаҷониба таъминанд. Як соли қабл дар Тоҷикистон қонуне ба тасвиб расид, ки ба кор ҷалб кардани хешовандонро барои раҳбарон манъ мекард. Аз ҷумла, додситони собиқи кишвар Бобоҷон Бобохонов ба он айбдор шуд, ки писараш дар ноҳияи Ҳисор додситон таъйин кард ва чанд хешу пайвандашро ба кор гирифт. Рамазон Раҳимов бо вазири умури дохилӣ таъйин шуданаш писар ва бародарашро аз ин система берун кард.

Диловар Маҳмадов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, ин қонун то дараҷае ҷилавгирӣ аз сӯистифода аз мансабу фасод арзёбӣ мешавад, аммо дар асл ба воқеиятҳои имрӯза "чашм мепӯшад": "Бо он вуҷуд ки қонун баромадааст, хоҳед - нахоҳед, хешу табору фарзандонашон боз кор мекунанд. Демократӣ будани давлат таҳти суол меравад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин масъала поймол мешавад. Агар қонун бечунучаро иҷро шавад, кӯмак мерасонад барои ҷилавгирӣ аз коррупсия. Мутаассифона, қонун дигар ва воқеиятҳо дигар."

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли побарҷо мондани ҳукумати кунунӣ фарзандон ҷойгузини падарон хоҳанд шуд. Аммо то куҷо онҳо барои баровардани Тоҷикистон аз вартаи фасоду вомондагӣ аз пешиниёни худ пеш хоҳанд рафт, суолест, ки посухаш дар ҳоли ҳозир норӯшан аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG