Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дар чаҳор бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. Як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба охир расид. Ҳамагӣ 14 гол зада шуд, ки 10-тоаш ба соҳибони майдон ва 14-тоаш ба меҳмонон мутааллиқ аст.

Пешсафи ҷадвали мусобиқот - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки бозиро дар Душанбе бо дастаи СКИФ (Бошгоҳи варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон) бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, бо 26 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 12-ум:

«Саройкамар» (Панҷ) - «Ситора» (Рӯдакӣ) – 3:1
«Сабо» (Шаҳринав) - “Пахтакор” (Қабодиён) – 1:0
“Кӯктош” (Рӯдакӣ) - «Файзобод» (Файзобод) – 1:0
“Ҳулбук” (Восеъ) - «Барқ» (Норак) – 3:1

Бозии даври 12-ум миёни дастаҳои «Локомотив» (Душанбе) - «Самар» (Восеъ) баргузор нашуд. Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ варзишгоҳи дастаи мизбон - “Локомотив” ба талабот ҷавобгӯ набуд. Аз ир рӯ ин масъала дар ҷаласаи кумитаи варзишию техникии ФФТ баррасӣ хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Панҷшер"

11

8

2

1

42-18

26

2.

улбук"

11

8

0

3

26-13

24

3.

Ситора”

11

8

0

3

18-8

24

4.

"Кӯктош"

11

7

2

2

19-10

23

5.

"Саройкамар"

11

7

1

3

34-18

22

6.

"Бохтар”

11

5

3

3

24-17

18

7.

"Сабо”

11

5

1

5

25-23

16

8.

"Самар"

10

4

4

2

17-14

16

9.

"Пахтакор”

11

3

3

5

16-16

12

10.

“Локомотив”

10

2

1

7

11-28

7

11.

"Барқ”

11

2

1

8

13-33

7

12.

СКИФ

12

1

4

7

16-31

7

13.

Файзобод

11

0

0

11

3-35

0



Нишонзанҳои беҳтарин: Наим Каримов (“Панҷшер”) - 12 гол, Абдуҳалим Боронов, (“Панҷшер”) - 11 гол, Соҳиб Ваҳҳобов (“Саройкамар”) - 10 гол.

Даври 13-ум
10-уми июн, якшанбе
Оғози бозиҳо – соати 18.00
«Барқ» - «Бохтар»
«Самар» - «Саройкамар»
11-уми июн, душанбе
«Пахтакор» - «Кӯктош»
«Ситора» - «Сабо»
«Файзобод» - «Ҳулбук»
«Панҷшер» - «Локомотив»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG