Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон қабл аз хуруҷи НАТО бо Чин санаде имзо мекунад


Рӯзи ҷумъа Ҳу Ҷинтао ва Ҳомид Карзай-раҳбарони Чину Афғонистон дар бораи густариши ҳамкориҳо гуфтугӯ карданд. Ин дар ҳолест, ки нируҳои НАТО барои хуруҷ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд ва хуруҷи онҳо соли 2014 ба поён мерасад. Чин қавл дродааст, ки ба ҳамсояи худ Афғонистон 24 миллион доллар кӯмак кунад. Ин кӯмакҳо аз таъмини амнияти марзҳо то назорат бар бемориҳо истифода хоҳад шуд. Ҳу Ҷинтао гуфт:

“Ҳоло Афғонистон вориди марҳалаи муҳими гузор шудааст. Чин ҳамсояи боэътимод ва дӯсти Афғонистон аст. Дар марҳалаи кунунӣ ва дар оянда Чин ҳамчунон сиёсати густариши муносиботи дӯстона ва кӯмакҳои беғаразона ба Афғонистонро идома медиҳад”.

Баъд аз хуруҷи нируҳои Ғарб аз Афғонистон Чин мехоҳад дар ин кишвар нақши бузургтаре бозӣ кунад ва дар бахшҳои истихроҷи нафту гоз ва маодан то як тиллион доллар сармоягуорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG