Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши нав дар бораи кушторҳои ду сол пеши Қирғизистон


Amnesty International ё Афви Байналмиллал гузориши нави худро мунташир кард. Дар он аз Қирғизистон интиқод шудааст, ки мақомоти расмии ин кишвар намехоҳанд ба шикоятҳо дар мавриди кушторҳои ду соли пеш расидагӣ анҷом диҳанд.

Дар ин шикоятҳо гуфта шудааст, ки нируҳои интизомӣ бо машварати пинҳонӣ ду соли пеш дар Ӯшу Ҷалолобод ба хушунатҳои маргбор бар зидди узбактаборон даст задаанд.

Дар ҷараёни ин муноқишаҳои қавмӣ бештар аз 400 нафар кушта ҳазорон нафари дигар аз манзилҳои зисти худ маҳрум монданд. Amnesty International дар гузориши худ мегӯяд, ҷиноятҳои зиддибашарӣ, аз қабили “шиканҷа, таҷовуз ба номус ва куштор” бидуни кайфар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG