Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаӣ бо Эрон дар Вена оғоз шудааст


Имрӯз дар Венаи Австрия даври нави музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ оғоз ёфт. Интизор меравад, ки дар ин музокирот Ожонс ба Эрон фишор орад, то бозрасонро барои боздид ба таъсисоти ҳастаии худ иҷоза диҳад. Эҳтимол меравад, ки дар таъсисоти ҳастаии Эрон пинҳонӣ кор барои иҷоди бами ҳастаӣ идома дошта бошад. Вале Эрон ин шубҳаҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаҳои ҳастаиаш, аз ҷумла ғанисозии уран, танҳо ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG