Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини Душанбе ба об


Бонки ҷаҳонӣ барои анҷоми даври дуюми тарҳи бо об таъмин кардани шаҳри Душанбе, 16 миллион доллар қарзи бебозгашт ихтисос хоҳад додааст. Ин тавофуқ ба дунболи мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва Марша МакГро Олив, намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, ба даст омадааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе бо таъийиди ин хабар гуфт, тарҳи мазкур қарор аст дар тӯли панҷ соли баъдӣ анҷом шавад. Барои анҷоми тарҳи мазкур ҳамчунин ҳукумати шаҳри Душанбе 3 милион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.
Ҳадафи аслии даври дуюми ин тарҳ таъсиси кори босамари Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати коҳиш додани талафот ва сарфаи оби тавлидшудааст.

Бар тибқи ин тарҳ ва ҷиҳати анҷоми ин кор ҳудуди 77 ҳазор ҳисобкунаки об дар манзилҳои сокинон насб карда мешаванд. Ҳамчунин комилан табдил кардани дастгоҳҳои полоиши об дар истгоҳҳои корхонаи «Обу корези Душанбе» дар назар аст.
XS
SM
MD
LG