Пайвандҳои дастрасӣ

Сарҳанги гумрук барои қочоқ дар Панҷи поён боздошт шуд


Сарҳанг Абулхайр Мӯъминов-раҳбари гумруки гузаргоҳи марзии Панҷи поёнро кормандони амният ба эҳтимоли «баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ» боздошт кардаанд. Дар ин бора Саидкомил Комилов-вакили мудофеи боздоштшуда ба радиои Озодӣ хабар дод.

Дастури ҳабси Абулхайр Мӯминовро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир кардааст.

Аммо вакили мудофеи Мӯъминов тасмими додгоҳро дар мавриди ҳабси пешакии зерҳимояи худ ғайриқонунӣ медонад.

Тафтиши парвандаи мазкурро бозрасони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анҷом медиҳанд.

Гуфта мешавад сарҳанг Абулхайр Муминов ба унвони сардори Идораи гумруки Панҷи поён ба зердастони худ дастури ғайриқонунӣ дода ва ҳамчунин барои убури ғайримуҷози мошини борбар мусоидат кардааст.
.
XS
SM
MD
LG