Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар эҳсоси ғаму афсурдагӣ ва хашму ноумедии тоҷиконро бо мисли ҳароратсанҷ чен кунем, ба 19 дараҷа мерасидааст.

Натиҷаи назархоҳии Геллап, як муассисаи мӯътабари назарсанҷии Амрико, нишон медиҳад, ки мардуми Ироқу Баҳрайн, фаластиниён ва чанде аз кишварҳои дигари Ховари Миёна ҳоли хубе надоштаанд. Назархоҳӣ баёнгари он аст, ки мардуми ин кишварҳо назар ба сокинони дигар гӯшаҳои сайёра, масалан, Тоҷикистон ҳа рӯз эҳсоси манфӣ, аз ҷумла хашму афсурдагӣ, изтиробу ноумедӣ ва дард доштаанд.

Геллап ин назархоҳиро соли гузашта дар 148 кишвар анҷом додааст ва мегӯяд, бештар аз ҳама мардуми Ироқ эҳсоси манфӣ доштаанд. Аз онҳое, ки дар инҷо дар бораи эҳсосашон пурсидаанд, танҳо аламу дард шунидаанд ва бисёре аз онҳо гуфтаанд, аксаран эҳсоси хашму афсурдагӣ, яъс, дард ва изтироб доранд.

Дар Миср ҳам чунин будааст, вале кашфиёти аҷибро дар Яман кардаанд, ки баъд аз қиёмҳои мардумӣ дар соли гузашта ва барои табобат тарки Яман кардани раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ, эҳсоси манфии мардум дар инҷо аз 37 дараҷа ба 24 дараҷа поён фаромадааст. Дар Туркияву Юнони дармонда, Арманистону Покистон ва Эрону Исроил ва ҳатто Амрико ҳам мардум аз дарду эҳсоси манфӣ шикоят зиёд доштаанд, ки дар ҷадвали таҳиякардаи Геллап дар зинаҳои “намоён” ҷойгир шудаанд.

Дар Амрико эҳсоси дарду ғаму яъсу хашму афсурдагӣ дар мардум баъд аз соли 2007-ум, пас аз бӯҳрони моливу иқтисодӣ, хуруҷ кардааст. Муаллифони назарсанҷӣ мегӯянд, дар кишвару қаламравҳое бештар эҳсоси манфӣ дар мардум мушоҳида шудааст, ки дучори сахтиҳои иқтисодӣ, шӯриш ва инқилоб шудаанд. Аммо дар Мисру Баҳрайн, баръакс, эҳсоси манфии мардум пеш аз ноамниҳо боло гирифта будааст. Аммо аз чӣ бошад, бар асоси назархоҳии Геллап мардуми кишварҳои Шӯравии собиқ соли гузашта эҳсоси дарду ноумедиву хашму афсурдагӣ камтар доштаанд.

Аз ҷумла, мардуми Узбакистон гӯиё аз ҳама “орому осуда” будаанд, ки зимни назарсанҷӣ гуфтаанд, дар зиндагии рӯзмарраи худ эҳсоси дарду ғаму афсурдагиву хашм кам доранд. Агар бар асоси ҷадвали Геллап бингарем, эҳсоси манфии мардуми Узбакистон ба 12 дараҷа мерасад. Эҳсоси манфии мардуми Қирғизистон каме болотар ва 13 дараҷа будааст. Бар асоси назархоҳии Геллап, аҳволи мардуми Туркманистон бадтар будааст, ки эҳсоси манфии онҳо ба 14 дараҷа мерасидааст ва дар он бари Туркманистон дар Қазоқистон мардум бештар эҳсоси дарду ғаму афсурдагиву изтироб доштаанд ва мисли мардуми Русия, ки эҳсоси манфии мардуми ҳарду кишвар ба 16 дараҷа мерасидааст.

Аммо мардуми Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аз ҳама эҳсоси дарду ғаму афсурдагиву хашму ноумедӣ доштаанд, ки агар ин эҳсосро бо абзоре ба мисли ҳароратсанҷ чен кунем, ба 19 дараҷа мерасидааст. Муассисаи Геллап мегӯяд, ин натиҷаҳо бар асоси назарпурсӣ аз тариқи телефон ё сӯҳбатҳои рӯбарӯ ҳосил шудааст ва аз ҳар кишвар дар ин назарсанҷӣ 1000-нафарӣ ширкат кардаанд.

Дар Тоҷикистони гирифтор ба мушкилоти фаровони иқтисодӣ, ки мардуми зиёди он дар ғурбат дар Русия кор мекунад, бидуни шак ин натиҷаҳоро зери суол мебаранд, зеро мегӯянд, мардуми тоҷик дар назарсанҷиҳо эҳтиёткор ҳастанд ва аксаран ҳақиқатро намегӯянд. Айни чизро низ нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ метавон мушоҳида кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG