Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти ҳаяҷонбарангези EURO-2012 оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Варшава, мусобиқоти футболи Ҷоми Аврупо-2012 шурӯъ мешавад, ки онро Лаҳистону Украина ҳамроҳ мизбонӣ мекунанд. Аввалин бозӣ ҳам миёни Юнону Лаҳистон аст ва сипас тимҳои миллии Русия ва Ҷумҳурии Чех ба майдони набард мераванд. Дар остонаи ифтитоҳи бозиҳо, мақомоти олирутбаи Лаҳистону Украина, саъй карданд, то нигарониҳо аз зуҳури миллатгароӣ зимни мусобиқотро рафъ намоянд. Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон рӯзи панҷшанбе бо Ҷон Годсон, вакили сиёҳпӯсти порлумони кишвараш наҳор хӯрд ва Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина аз мардуми кишвараш чунин даъват кард:"Дар рӯзҳои оянда таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба сӯи кишвари мост. Ман аз шумо мехоҳам, меҳмоннавозии комили украинӣ, самимият ва меҳрубонӣ нишон диҳед. Мо бояд меҳмонону ширкатдорони бозиро бо эҳтиром қабул кунем. Муносибати бақияи ҷаҳон бо Украина аз хотираи онҳо аз мо вобаста хоҳад буд." Мусобиқоти футболи Ҷоми Аврупо-2012 як моҳ идома мекунад. Ду бозии ҳаяҷонбарангез рӯзи шанбе миёни Ҳолланду Дания ва Олмону Португалия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG