Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё барои издивоҷи маҷбурӣ ҷазо медиҳад


Ҳукумати Бритониё тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки барои издивоҷи маҷбурӣ ҷазо муқаррар мекунад. Вазорати умури дохилии Бритониё дар баёнияе рӯзи ҷумъа гуфт, бар асоси ин волидоне, ки фарзандони худро ба издивоҷ маҷбур мекунанд, ҳукми зиндон мегиранд. Расидани бештар аз 2 ҳазор гузориш доир ба издивоҷҳои маҷбурӣ дар Бритониё тайи бештар аз як соли ахир ҳукуматро ба таҳияи ин қонун водор кардааст. Аксарияти онҳое, ки бо фармони падару модар арӯсӣ кардаанд, духтарони покистонӣ ва ё бангладешӣ будаанд. Мегӯянд, ки аксарияти онҳо камтар аз 21 сол дошта ва баъзеашон ҳатто 15 сола будаанд. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, издивоҷҳои маҷбуриро “нафратангез ва ҳамсони бардагӣ” хондааст. Ҳукумати ӯ қасд дорад, то соли 2014 ин тарҳро ба порлумони Бритониё пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG