Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози размоиши нерӯҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай


Имрӯз дар Тоҷикистон размоиши васеъмиқёси нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шурӯъ мешавад. Бештар аз 2 ҳазор сарбозу афсар аз Тоҷикистону Чин, Русия ва Қирғизистону Қазоқистон дар ин размоиш шеваҳои мубориза бо гурӯҳҳои тундраву террористиро тамрин хоҳанд кард. Дар размоиш танку тӯп, ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода хоҳанд шуд ва он то рӯзи 14 июн идома мекунад. Низомиёни Ӯзбакистон чун дар гузашта дар дар ин машқҳои низомӣ ширкат надоранд.
XS
SM
MD
LG