Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Яман 20 шарики Ал-қоидаро куштаанд


Мақомоти Яман мегӯянд, дар набарди шадиде бо тундравони исломии шарики Ал-Қоида дар шаҳри ҷанубии Ҷор, 20 тан аз онҳоро куштанд. Як моҳ боз аст, ки нерӯҳои ҳукуматии Яман барои бозпас гирифтани чанд шаҳр аз дасти тундравон алайҳи онҳо меҷанганд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҷанги рӯзи панҷшанбе дасти кам 20 узви гурӯҳи Ансор ал-Шариат, як ҳалқаи Ал-Қоида дар Яман кушта шуданд. Аз нерӯҳои тарафдори ҳукумат ҳашт нафар талаф шудаанд. Артиши Яман саъй дорад, чанд шаҳри вилояти Абёнро бозпас гирад, ки соли гузашта дар қиёмҳои мардумӣ алайҳи раиси ҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ ба дасти тундравон афтод. Солеҳ моҳи феврал расман аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG