Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Ал-Қоида" таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки шабакаи “Ал-Қоида” як таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар кишварҳои гуногун густариш меёбад. Дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Истамбул хонум Клинтон ба комёбиҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм ҳам таъкид кард.

Ба гуфтаи ӯ, "дар даҳ соли ахир дар кишварҳои гуногун бо гумони терроризм без аз 120 ҳазор нафар боздошт ва беш аз 35 ҳазор нафар маҳкум ба зиндон шуданд. Усома бин Лоден кушта шуд, сафи раҳбарони “Ал-Қоида” коҳиш ёфт, бисёр бахшҳои он аз фармондеҳонии калидияшон маҳрум шуданд. Тавассути кори анҷомшуда, шаҳрвандони мо аз амнияти бештар бархурдоранд".

Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу изҳор намуд, ки таъмини амният набояд мунҷар ба нақзи озодиҳои демократӣ ва маҳдудсозии ҳуқуқи башар гардад.
XS
SM
MD
LG