Пайвандҳои дастрасӣ

Ин мусобиқаи пурнуфуз, ки баъди Ҷоми ҷаҳонии футбол аз рӯи мақоми худ дувум аст, дар ду кишвар - Лаҳистон (Полша) ва Украина аз 8-уми июн то 1-уми июл идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт шаҳр - Варшава, Вротслав, Гданск ва Познани Лаҳистон, Киев, Донетск, Харков ва Лвови Украина баргузор мешаванд.

Имрӯз пас аз маросими кушоиши мусобиқа дар Варшава нахустин бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Лаҳистон ва Юнон барпо мегардад. Ин бозии гурӯҳи “А” соати 21 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Баъдан соати 23.45 ба вақти Душанбе дастаҳои мунтахаби Русия ва Ҷумҳурии Чех дар шаҳри Вротслави Лаҳистон рақобат мекунанд.

Дар сабқати гурӯҳӣ 16 даста иштирок мекунад. Ба гурӯҳи “А” Лаҳистон, Русия, Ҷумҳурии Чех ва Юнон, ба гурӯҳи “В” Дания, Олмон, Португол ва Ҳолланд, ба гурӯҳи “С” Ирландия, Испания, Италия ва Хорватия, ба гурӯҳи “D” Инглистон, Украина, Фаронса ва Шветсия дохиланд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ аз 21-ум то 24-уми июн баргузор мешаванд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 27-ум ва 28-уми июн барпо мегарданд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 1-уми июл дар пойтахти Украина – шаҳри Киев баргузор хоҳад шуд.

Коршиносони соҳа дастаҳои мунтахаби Испания, Олмон, Португол, Ҳолланд, Италия, Инглистон ва Фаронсаро муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Аврупо меҳисобанд.

Ин севумин мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо ба шумор меравад, ки дар ду кишвар барпо мегардад. Аввалин бор соли 2000-ум Ҷоми Аврупо дар ду кишвар – Белгия ва Ҳолланд доир шуда буд. Бори дувум ин мусобиқа соли 2008-ум дар Австрия ва Швейтсария барпо гардида буд.

Ин охирин мусобиқаест, ки дар марҳилаи ниҳоии он 16 даста иштирок мекунад. Дар мусобиқаи оянда, ки соли 2016-ум сурат мегирад, шумораи дастаҳои ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоӣ ба 24 мерасад.

Маблағи ҷавоизи Euro-2012 дар кумитаи иҷроияи Созмони футболи Аврупо (UEFA) моҳи июни соли гузашта тасдиқ шудааст. Маблағи умумии пардохт ба федератсияҳои миллии кишварҳои ширкаткунандаи мусобиқот 196 миллион евроро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба мусобиқаи соли 2008-ум 12 миллион зиёд аст. Ба ҳар як дастаи мунтахабе, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтааст, 8 миллион евро супурда мешавад.

Ба ғайр аз ин ҳар як дастаи мунтахаб дар мавриди пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012 шонси ба даст овардани боз 15,5 миллион евроро дорад.

Барои ҳар як ғалаба дар сабқати гурӯҳӣ дастаҳо як миллион евро ва барои мусовӣ 500 ҳазор евро мегиранд. Ба ҳар як дастае, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ мебарояд, 2 миллион евро, барои даври ниманиҳоӣ 3 миллион евро, барои ба финал баромадан 4,5 миллион евро дода мешавад. Дастаи қаҳрамон ба таври изофа 7,5 миллион евро мегирад. Ҳамин тариқ, тими ғолиби мусобиқот ҳамагӣ 23,5 миллион евро ба даст меорад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012 як навоварӣ дар мукофотпулии дастаҳо ин аст, ки ба тимҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғолнамуда як миллион евро супурда мешавад. Дар мусобиқоти пешин барои ҷойҳои севум дар сабқати гурӯҳӣ ҳеҷ гуна мукофотпулӣ дода намешуд.

Фоидаи UEFA аз ин мусобиқот 1,345 миллиард евроро ташкил медиҳад.

ҶАДВАЛИ EURO-2012

САБҚАТИ ГУРӮҲӢ


Гурӯҳи A

08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия
16 июн, 23:45 Юнон — Русия
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон

Гурӯҳи B

09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания
09 июн, 23:45 Олмон — Португол
13 июн, 21:00 Дания — Португол
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон
17 июн, 23:45 Португол— Ҳолланд
17 июн, 23:45 Дания — Олмон

Гурӯҳи C

10 июн, 21:00 Испания — Италия
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия

Гурӯҳи D

11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия
15 июн, 21:00 Шветсия — Инглистон
15 июн, 23:45 Украина — Фаронса
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина

ЧАҲОРЯКФИНАЛ

21 июн, 23:45 №1: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи A — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи B
22 июн, 23:45 №2: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи B — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи A
23 июн, 23:45 №3: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи C — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи D
24 июн, 23:45 №4: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи D — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи C

НИМФИНАЛ

27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

ФИНАЛ

1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG