Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи панҷшанбе раҳбарони кишварҳои узви СҲШ бо имзои 10 санади ҳамкорӣ мулоқоти навбатии худро дар Пекин Чин ба поён бурданд.

Эъломия дар бораи таъмини сулҳи пойдору тӯлонӣ дар минтақа ва Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ барои солҳои 2013-2015 аз ҷумлаи ин аснод ба шумор меравад. Дар ин мулоқот кишварҳои узв ба Афғонистон мақоми расмии кишвари нозир дар ин созмонро доданд. Ҳу Ҷинтао-раҳбари Чин пешниҳод кард, ки Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар таъмини оромӣ дар Афғонистон саҳми бештар дошта бошад.

Ба ин манзур, Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Афғонистон ба таври расмӣ мақоми нозир дар ин созмонро дод. Акнун гурӯҳи кишварҳои нозир аз Ҳиндустону Эрон, Покистону Муғулистон ва Афғонистон иборат хоҳад буд. Чину Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Русияву Узбакистон кишварҳои узви созмон мебошанд.

Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои созмон ин гуна изҳори назар кард:

“Мо аз тавсеаи сохтори Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунем. Дар берун аз чаҳорчӯбаи созмон ба музокирот дар бораи тавсеа бархӯрди мусбат нишон медиҳем, бо кишварҳои нозир ҳамкориро густариш медиҳем, бо кишварҳои ҳамкор, бо СММ ва созмонҳои дигар, бо созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаии дӯст ба музокира менишинем. Мо розӣ ҳастем, ки Афғонистонро узви нозири ин созмон бипазирем”.

Раҳбари Чин аз Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хост, ки дар таъмини сулҳу оромӣ дар Афғонистон ва дар ҳали масъалаҳои амниятӣ саҳм бигиранд. Вай гуфт, кишварҳои минтақа ҳақ доранд дар ҳали масъалаҳои минтақа нақш дошта бошанд ва ин созмон бояд ба нируи муҳими амниятӣ дар минтақа табдил ёбад.

Зоҳиран Русияву Чин бо чунин талошҳо мехоҳанд дар баробари Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ худро дар минтақа қудрати ҳамвазн нишон диҳанд. Созмони мазкур мехоҳад баъд аз харуҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон то поёни соли 2014 нақши худро дар таъмини сулҳ дар ин кишвар фаъолтар кунанд.

Аз он нуқтаи назар, ки Афғонистон минтақаи ҳамкориҳои стротегии Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ ба шумор меравад, оё талошҳои Чину Русия ё Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Ғарб ҷонибдорӣ пайдо мекунад? Муҳаммадризо Ҷалилӣ, таҳлилгар дар Маркази мутолеоти байналмилалии Шветсия мегӯяд, ҳар кор, ки ба амнияти Афғонистон кӯмак мекунад, дар Ғарб ҷонибдор хоҳад дошт ва барои худи Афғонистон дар сатҳи минтақа низ муфид аст:

“Як миқдор кӯмак мекунад, ки Афғонистон дар минтақа мунзавӣ (ҷудо) набошад ва барои худ дар минтақа ҷое пайдо кунад. Афғонистон марзе ҳам бо Чин дорад. Бинобар ин дар минтақа як ташкилоте бояд вуҷуд дошта бошад, ки ҳамкории муназзами байни Афғонистону ин кишварҳоро иҷод кунад. Ба назари ман ин кор барои ояндаи Афғонистон ҷанбаи мусбат дорад”.

Оқои Ҷалилӣ мегӯяд, аз муддатҳо қабл Ғарб мехоҳад кишварҳои ҳамсояро барои таъмини субот дар Афғонистон ҷалб кунад ва масъалаи Афғонистон на танҳо бо кӯмаки Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ, балки дар сатҳи минтақа ҳал шавад.

Дар Пекин дар қисмати поёнии мулоқот Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин роҷеъ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои узви созмони мазкур баъзе барномаҳои баландпарвозонаи худро эълон кард. Аз ҷумла вай эълон кард, ки Чин мехоҳад ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой 10 миллиард доллар қарз диҳад ва дар давоми се соли оянда 1,5 ҳазор коршиносро аз кишварҳои узв тарбия кунад. Ба ин барномаҳо ҳамчунин дар давоми 10 соли оянда даъвати 30 ҳазор донишҷӯ барои таҳсил ва даъвати 10 ҳазор омӯзгор барои такмили ихтисос дар Чин низ дохил хоҳад шуд.

Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳамчунин хостори аз роҳи музокира ҳал кардани бӯҳрони Сурия ва мухолифи ҳар гана мудохилаи низомӣ дар Эрон шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG