Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекорди нави Тоҷикистон дар давидан


Владислава Овчаренко, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Узбакистон дар Тошканд, дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон барандаи медали биринҷӣ шуд ва рекорди нави Тоҷикистонро гузошт.

Натиҷаи нишондодаи ӯ 24,24 сония мебошад. Вай рекорди пешини Тоҷикистонро, ки як моҳ пеш худи ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар шаҳри Душанбе гузошта буд, 0,25 сония беҳтар кард.

Владислава, инчунин, дар шаҳри Тошканд дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11,39 сония мақоми чаҳорумро касб намуд ва рекорди шахсӣ гузошт.
Варзишгари дигари тоҷик Даврон Атобоев дар давидан ба масофаи 100 метр (10,84) ва 200 метр (22,03) ҷойҳои панҷумро соҳиб шуд.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон дастаи мунтахаби кишвар дар ҳайати Владислава Овчаренко (100, 200 м), Олга Эшмуродова (100, 200 м), Кристина Пронженко (ҷаҳидан ба дарозӣ), Александр Пронженко (110 м бо монеахо), Далерҷони Ҳайдар (400, 800 м), Хисрави Иқболшо (1500, 5000 м) ва Ҳасан Ғафуров (10 000 м) рӯзҳои 9-ум ва 10-уми июн дар Бишкеки Қирғизистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои хотираи Татяна Колпакова, қаҳрамони Олимпиадаи Маскав-1980 дар ҷаҳидан ба дарозӣ, ширкат меварзад.

Рӯзҳои 9-12-уми июн варзишгарони Тоҷикистон - Даврон Атобоев (100, 200 м), Меҳрубон Шамсиддинов (1500 м) ва Олга Эшмуродова (100, 200 м) дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни навҷавонон дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка ҳунарнамоӣ мекунанд.

Сипас варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи соли 1960-ум дар Рим дар эстафетаи 4х100 метр, ки аз 30-юми июн то 1-уми июл дар Алматии Қазоқистон баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG