Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори маркази таълимии марзбонӣ барканор шуд


Ҳаким Қаландаров, сардори Маркази таълимии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва фармондеҳи собиқи неруҳои мухолифини пешин аз мақомаш барканор шудааст.

Ҳаким Қаландаров, мулаққаб ба Ҳаким-бангӣ фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар ҷабҳаи ноҳияи Тавилдара аст, ки дар замони муқовимати дохилии 1992-1997 алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ мубориза кардааст.

Ӯ баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ дар шаҳри Маскав, дар июни соли 1997 ва ҳамоиши размандагони мухолифин бо қувваҳои ҳукуматӣ ба ҳайси муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон тайин шуд. Тайи чанд сол ба ҳайси муовини фармондеҳи Нерӯҳои Марзбонии Тоҷикистон амал карда ва дар шаш соли ахир роҳбарии Маркази таълимии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бар ӯҳда доштааст.

Зимнан ин Маркази таълимӣ дар собиқа ба марзбонони рус тааллуқ дошт, вале баъди хуруҷи марзбонони рус ба ихтиёри нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вогузор шуд.

Бар пояи иттилои манобеи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон асноди сарҳанг Ҳаким Қаландаров дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри шӯъбаи кадрҳои ин ниҳод қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир аз фармондеҳони пешнии ИНОТ генералҳо Ғайрат Адҳамов, муовини вазири дифоъ, Абдуҳалим Назаров, сардори яке аз раёсатҳо дар ин вазорат ва Шоҳ Искандаров ба ҳайси муовини сардори Раёсати умури дохила дар минтақаи Рашт дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон фаъолият мекунанд
XS
SM
MD
LG