Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдончаҳои варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ


Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд.

Ҷамолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “майдончаҳои нави варзишӣ бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва кӯмаку дастгирии Шӯрои олимпии Осиё бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо донишҷӯён оид ба баскетболу волейбол ва футболи хурд тамрину мусобиқа мекунанд.”

Дар маросими кушоиши майдончаҳои варзишӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ширкат доштанд.

Дар ин майдончаҳои варзишӣ нахустин мусобиқаи донишҷӯён оид ба баскетболу волейбол ва футболи хурд баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG