Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои миллӣ хостори тақвияти мубориза бо режими Асад шуд


Мухолифини ҳукумати Сурия аз ҷонибдорони мусаллаҳашон даъват намуданд, ки мубориза бо режими Башор Асадро таҳким бубахшанд. Дар изҳороти Шӯрои миллии Сурия, ки аз тариқи шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” пахш шуд,ба зарурати дифоъ аз сокинони осоиштаи вилояти Ҳома,Лоқиқия ва Ҳумс таъкид шудааст. Ин вилоёт, ба гуфтаи масъулини Шӯро, мавриди ҳамла ва тирборон аз сӯи нерӯҳои вафодор ба Башор Асад қарор мегиранд.

Ин изҳорот ба думболи хабаре нашр шуд, ки бар асари амалиёти гурӯҳи пуштибон аз ҳукумати “Шабиҳа” дар деҳаҳои Ал-Хубайр ва Моразафи вилояти Ҳома дасти кам 86 нафарба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо занону кудакон ҳам зиёданд.

Ва аммо ҳукумати Сурия даст доштанаш дар ин кушторро рад кард. Дар изҳороти расмии Димишқ ин хабар чун “дурӯғ” арзёбӣ ва гуфта шудааст, ки дар он ҷо ҷасади фақат 9 нафари аз тири аъзои гурӯҳи террористӣ кушташударо ошкор кардаанд.

Ду ҳафта пеш дар шаҳри Ҳулаи Сурия 108 сокини осоишта кушта шуданд. Мухолифин, нозирони СММ ва кишварҳои ғарбӣ дар ин ҳодиса мақомоти Сурияро муттаҳам намуданд, Димишқ бошад ангушти иттиҳом сӯи мухолифини мусаллаҳ кард.
XS
SM
MD
LG