Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мезентсев ба мақоми дабири кулли СҲШ пешбарӣ шуд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, номзадии волии собиқи вилояти Иркутск Дмитрий Мезентсевро ба мақоми Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) пешбарӣ намуд. Дар нишасти имрӯзаи созмон дар Пекин президенти Русия гуфт, ки Мезентсев тайи шаш сол ба шӯрои тиҷоратии СҲШ сарварӣ мекард.

Ширкатдорони нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз бояд тарҳи қатъномаи муштарак оид ба мушкилоти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро қабул кунанд.

Раиси Ҷумҳурии халқии Чин Ҳу Ҷин Тао хабар дод, ки Пекин мехоҳад ба дигар кишварҳои узв ба маблағи 10 миллиард доллар қарз диҳад. Аммо ӯ дар бораи он ки ин маблағ барои кадом ҳадафҳо сарф хоҳад шуд, тавзеҳ надод.

Ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки соли 2001 таъсис шудааст, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG