Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА иттиҳоми Аҳмаджинажодро "бепояву бунёд" номид


Яке аз муассисаҳои ҳастаии Эрон

Яке аз муассисаҳои ҳастаии Эрон

ИМА иттиҳоми Маҳмуди Аҳмадинажодро, ки дирӯз кишварҳои ғарбиро дар “баҳонаҷӯӣ” ва “талаф додани вақт” дар мавриди барномаи ҳастаии Теҳрон муттаҳам кард, бепояву бунёд номид. Раисиҷумҳури Эрон гуфт, ки кишварҳои ғарбии ворид ба ин гуфтушунид аз баргузории машваратҳои муқаддамотӣ сарпечӣ мекунанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА Марк Тоунер гуфт, ки ин иддаъо нодуруст аст.

Қарор аст даври навбатии музокирот миёни Эрон ва панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон бояд миёнаҳои ҳамин моҳ дар Маскав баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол Ожонси байнулмиллии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ мехоҳад, ки рӯзи ҷумъа ба ризояти Теҳрон барои аз сӯи нозирони ин ниҳод тафтиш шудани бархе аз муассисаҳои ҳастаии Эрон муваффақ шавад
XS
SM
MD
LG