Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Макгук аз дастовардҳои демократии Ироқ дифоъ хоҳад кард


Бретт Макгук

Бретт Макгук

Бретт Макгук изҳор намуд, ки дар сурати пазируфта шудани номзадияш ба мақоми сафири ИМА дар Ироқ, ӯ рӯи мавзӯъи ҳифзи дастовардҳои демократӣ дар ин кишвар тамаркӯз хоҳад кард. Макгук, ки номзадияш ба ин маснад аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама пешбарӣ шудааст, дар нишасти кумитаи байнулмилалии Сенат гуфт, аз ихтилофи миёни гурӯҳҳои мазҳабӣ ва қавмӣ дар Ироқ нигарон аст.

Дипломати амрикоӣ ҳамчунин ваъда кард, ки дар рушди бахши нафти Ироқ, таҳкими ҳамкорӣ дар таъмини амният ва кӯмак ба Ироқ барои муқобила бо “таъсири аз ҳад беши Эрон” талош мекунад.

Дар арафаи суханронии Макгук намояндагони гурӯҳи “Ироқия”-и Айёд Алавӣ хабар доданд, ки бо Макгук барои пуштибонияш аз нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Номзадии Бретт Макгук бояд аз сӯи Сенати ИМА пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG