Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Димишқ куштори оммавӣ дар Ал-Хубайраро рад кард


Ҳукумати Сурия даст доштанаш дар боз як куштори оммавӣ дар кишварро рад кард. Дар изҳороти расмии Димишқ хабари қатли 86 сокини деҳаи Ал-Хубайри вилояти Ҳумо “дурӯғ” арзёбӣ шудааст. Ба иттилои мақомот дар он деҳа ҷасади фақат 9 нафаре ошкор шудааст, ки “аз сӯи гурӯҳи террористӣ кушта шудаанд”.

Дар бораи ҳалокати даҳҳо сокинони Ал-Хубайра дирӯз мухолифини ҳукумати Сурия хабар дода гуфтанд, ки миёни қурбониён занону кудакон ҳам зиёданд. Ба иддаои онҳо, куштори сокинони осоишта аз сӯи як гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат мавсум ба “Шабеҳа” сурат гирифтааст.

Ду ҳафта пеш дар шаҳри Ҳулаи Сурия 108 сокини осоишта кушта шуданд. Мухолифин, нозирони СММ ва кишварҳои ғарбӣ дар ин ҳодиса мақомоти Сурияро муттаҳам намуданд, Димишқ бошад ангушти иттиҳом сӯи мухолифини мусаллаҳ кард.
XS
SM
MD
LG